Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон сохтмони фурудгоҳи маҳаллӣ оғоз ёфт. Маросими оғози корҳои сохтмонӣ рӯзи 22-юми август баргузор шудааст.
Ба иттилои мақомоти ноҳияи Муъминобод, барои бунёди фурудгоҳ 230 ҳазор метри мураббаъ, ё 23 гектар замин ҷудо гардидааст. Аз ин масоҳат 1 ҳазору 80 метри мураббаъ барои биною иншоот, 41 ҳазору 337 метри мураббаъ барои роҳу роҳравҳо ва 187 ҳазору 583 метри мураббаъ барои сабзазоркунӣ пешбинӣ шудааст.
Дар доираи лоиҳаи сохтмон ва бозсозии толори интизорӣ, хати парвозу нишаст, роҳҳои ҳаракати ҳавопаймоҳо, майдони таваққуф ва иншооти хизматрасонӣ дар назар гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ки лоиҳа бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ, буҷети маҳаллии ноҳияи Муъминобод ва дигар манбаъҳо амалӣ мегардад.
Бо вуҷуди оғози корҳои сохтмонӣ, муҳлати дақиқи ба истифода додани фурудгоҳ ҳанӯз маълум нест.