Хабари боз сар задани нооромӣ ва тирпарронӣ дар марзи ду кишвар субҳи имрӯз дигарбора дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашт.
Гуфта мешавад, ки бар асари тирпарронии имрӯза дар марзи Тоҷикистон бо Қирғзистон ду нафара з ҷониби Тоҷикистон зарар дида, қирғизҳо ягон талафоти ҷонӣ надодаанд...
Дар бораи нооромиҳо дар марзи ду кишвар Радиои Озодӣ дар такя ба манобеъи худ хабар дода мегӯяд, захм бардоштани ду нафарро бар асари ин даргирӣ духтурони беморхонаи шаҳри Исфара тасдиқ кардаанд, вале расман ин хабар аз ҷониби мақомот тасдиқ нашудааст.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон изҳор доштааст, ки дар ин ҳодиса аз ҷониби онҳо касе осеб надидааст, вале аз сӯйи Тоҷикистон талафот ба назар мерасад.
Тавре ки сокинони Чоркӯҳ гуфтаанд, ҳодиса дар наздикии хоҷагии деҳқонии кооператии тухмипарварии рақами 4 рух додааст.
“Ҳодиса ҳангоми иваз шудани қисми навбатдории сарҳадбонони тоҷик рух додааст. Вақте ҳайати нави сарбозон меоянд, аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз луқмапартоӣ мешавад ва бе огоҳӣ ба ҷониби мо тир холӣ мекунанд. Дар натиҷа сарбози мо дар ҷойи ҳодиса меафтад ва як деҳқон захм мебардорад”, гуфтааст як манбаъ ба Радиои Озодӣ.
Дар ҳамин ҳол ҷониби Қирғизистон дар сар задани низоъ дар марз сарҳадбонони тоқиро гунаҳкор карда гуфтааст, ки ҳодиса баъд аз он рух дод, ки марзбонони тоҷик ба хатти номушаххаси марз рафта, аз сарҳадбонони қирғиз талаб крадаанд, ки ин маҳалро тарк кунанд. Марзбонони қирғиз иҷозат надоданд, ки низомиёни тоҷик нияти худро амалӣ созанд ва ҳамин тавр тирпарронӣ оғоз ёфта, тақрибан даҳ дақиқа идома кардааст.
Ба гуфти манбаъ, ҳарчанд роҳҳо кушода бошанд ҳам, равуои нақлиёт ба самти Хоҷаи Аъло ва Ворух дида намешавад.
Сарбозони Қирғизистон ба ҳолати омодабош даромадаанд.