Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотӣ дар миёни муҳоҷирон дар маркази тиҷоратии "Тёплий Стан" бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқот намуданд.
Зимни вохӯрӣ сухан дар боби тағйироти нави дар қонунгузории Россия бавуҷудомада, ба роҳ мондани фаъолияти меҳнатии худ дар асоси қонун, бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармоён, риояи қоидаҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, дурӣ ҷустан аз гурӯҳҳои хатарноки террористиву экстремистӣ ва нигоҳдории саломатии худ рафта, масъулини намояндагӣ ба муҳоҷирон маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар фарҷоми мулоқот ба муҳоҷирон иттилоъ дода шуд, ки муҳлати қонунигардонии фаълияти шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия то моҳи сентябр дароз карда шудааст ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар самти ҳуҷҷатгузорӣ мушкилот доранд, метавонанд то санаи 10-уми сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.
Дар ҳолати пеш омадани мушкилот дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ муҳоҷирони тоҷик метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд ё ба рақамҳои зерин занг зананд: +7 (495) 967-98-44, +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp).