Омина ҳамагӣ 9-сол дошт ва қатори дигар ҳамсолонаш дар синфи 3-юм мехонд. Падару модар аз духтарчаи фатиламӯйи худ умедҳои зиёде доштанд.
Волидони пурормонаш Оминаро бо гули чиз ба воя расонида, боварӣ доштанд, ки гулдухтарашон дар дами пирӣ асои дасташон мегардад, аммо дидани чодари арӯсии ӯву шикастани орзуву ҳавасҳояшон ба падару модари ормонӣ муяссар нагашт. Омина ба таври фоҷиавӣ аз олам гузашта, дар дили модар доғи абадӣ ниҳод ва манзили падарро мотамсарой гардонд...
Ин ҳодисаи ҷигарсӯз рӯзи гузашта тахминан соати 13:00 сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира» Зиёзода Умедҷони Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Ниёзова Омина Шамсуллоевна, соли таваллудаш 2012, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш кардааст. Ин духтарчаи 9-сола бар асари садамаи қисматсӯз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Ҷисми бе ҷони Оминаи нокомро падару модари дилсӯхта ва пайвандони хунҷигараш бо ғиреву нолаи ҷигарсӯз ба хок супурданд.
Садамаи дигари марговар дар ин рӯз ҳамагӣ як соат пас дар деҳаи Чорчашмаи ноҳияи Шоҳин сар зада, ронандаи трактори тамғаи “МТЗ-80”, Маҳмадсалими Мирзохон, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин бо сабаби зиёд будани барф ба чуқурии 10 метр чаппа шуда, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Аз ҳамин хотир мо аз тамоми ронандагон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёкор бошанд ва ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоранд.