Gazprom july 2025
Дар Кӯшониён бинои иловагии мактаб барои 400 хонанда ба истифода дода шуд
79

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-ро мавриди истифода қарор дод. Иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории сокинони маҳаллаи Гулистон бунёд шудааст.

Муассисаи таълимӣ аз 1 бинои дуошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 400 хонанда дар 1 баст сохта шудааст. Бино аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ иборат мебошад. Ҳамзамон дар назди ин муассисаи таълимӣ сохтмони Маркази инкишофи кӯдак идома дорад.

Раиси вилояти Хатлон иқдоми соҳибкорон ва кумитаи падару модаронро шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон доир ба беҳтар намудани сатҳу сифати дониши хонандагон ва иштироки фаъолонаи муҳассилин дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ дастур дод.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми ду соли оянда дар вилояти Хатлон бунёди 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 53 ҳазору 303 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД