Ҳодисаҳои куштори аъзои оилаҳо чанд вақти охир сокинони шаҳри Конибодоми вилояти Суғдро даҳшатзада кардааст. Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди оне, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ба таҳқиқи ҳодисаҳо машғуланд, вале онҳо ҳанӯз бо тарс зиндагӣ мекунанд.
Танҳо дар се моҳи охир дар бораи кушта шудани аъзои чор оила дар ин шаҳри шимоли кишвар хабар расид. Ду ҳодиса дар охири моҳи май рух дод ва дар як маҳал. Дар деҳаи Санҷидзор шаби 28 ба 29-уми май 6 узви ду хонавода якбора кушта шуданд. Яке аз оилаҳои кушташуда тоҷик ва хонаводаи дигар қирғизтабор буданд.
Ба таҳқиқи расонаҳо, оилаи тоҷик аз модар ва ду фарзанд иборат буданд бо шумули Маҳбуба Ахмедоваи 38-сола бо духтараш Нозанин Ахмедоваи 17-сола ва писараш Дамир Ахмедови 14-сола.
Баъди марг дар бадани онҳо аломати куштори маҷбуриро диданд. Маҳбуба Ахмедова дар беморхонаи деҳа ҳамшира буду фарзандонаш ҳанӯз мактаб мехонданд. Шавҳараш Баҳодур Ахмедов дар муҳоҷират буд.
Дар оилаи кушташудаи қирғизтаборҳо Зулхо Иброҳимоваи 54-сола, додараш Абдуфаттоҳ Иброҳимови 47-сола ва келинашон Қурбонгул Иброҳимоваи 46-сола қатл шуданд. Дар он шаб се кӯдаки Абдуфаттоҳ Иброҳимов низ дар хона буданду хушбахтона зинда монданд.
Ба гуфтаи ҳамдеҳагон, аксари хешовандони ин оила дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанд ва худи Зулхо Иброҳимова, дар мактаби №28-и деҳа ҷонишини директор буд. Дар ин мактаб асосан хонандагони қирғизтабор мехонанд, ки ҳоло дар таътиланд.
Мақомот то ҳол ин ҳодисаҳоро расман шарҳ надодаанд, ҳарчанд тасдиқ карданд. Сокинони Конибодом, махсусан, деҳаи Санҷидзор, ҳоло шабҳоро бо тарс рӯз мекунанд.
Ҳоло дар ин деҳа баъзе аз ҳавлиҳо беодаму қуфлзада буда, кӯчаҳо холӣ ва сокинон тарсолуданд. Онҳо мегӯянд, чунин ваҳшониятро ҳеҷ гоҳ дар ёд надоштанд.
“Хоб нест, ҳама хавотир. Заноне, ки шавҳаронашон дар Русия аст, ба хонаи хешу табор мераванд. Шароит бениҳоят вазнин. Бачаҳо аз Русия занг зада мегӯянд, ки биоед. Бо рафтан чӣ мешавад? Мақомот кор карда истодаанд, ягон роҳашро меёбанд”, - мегӯяд Тоҳирҷон Мараҷабови 70-сола.
Ёдовар мешавем, ки пештар ҳам чанд нафар дар дигар канори Конибодом ба таври мармуз кушта шуданд. Дар бораи онҳо низ маълумоти муфассал мавҷуд нест.