formula feb 2025
Дар Конибодом ба 10 оилаи камбизоат хона доданд
226

 

Дар шаҳри Конибодом ба 10 оилаи камбизоат хонаҳои нав доданд. Дар ин бора аз мақомти ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар додаанд.

Қарори додани манзили истиқоматӣ ба оилаҳои камбизоат дар доираи ичрои дастуру супоришҳои Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии иҷтимоии қишрҳои осебпазири ҷомеъа қабул карда шудааст.

Кадили хонаҳои нави замонавиро ба оилаҳои ниёзманд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода супурда, таъкид намуданд, ки давлат ва ҳукумати кишвар ҳамеша шаҳрвандони ниёзмандро дастгирӣ намуда, мушклоти чунин оилаҳоро осон месозад.

Оилаҳои хушбахте, ки соҳиби хонаҳои нави замонавӣ гаштанд, ба сарвари давлат ва намояндагони ҳукумати кишвар миннатдорӣ баён намуданд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД