toyota motors
Дар Кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ҳамоиши ятимони кулл баргузор гардид
04.06.2026
Oila.tj
79

Имрӯз, 4-уми июн дар толори Кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳти унвони «Пешвои миллат - пуштибон ва ғамхори мо ҷавонон» ҳамоиши ятимони кулл баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти МД “Тоҷикфилм”, чорабинии мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» роҳандозӣ шудааст.

Дар ҳамоиш наздики 100 нафар наврасону ҷавонон, ки дар мактаб-интернатҳо, донишкадаҳо ва донишгоҳҳо таҳсил доранд, инчунин ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо мекунанд, ширкат варзидаанд.

Дар рафти ҳамоиш филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Русия «Сукут дар кӯҳҳо» ба забони тоҷикӣ манзури ҷавонон гардонида шудааст. Ҳамзамон, масъулини МД «Тоҷикфилм» ҷавононро бо павилонҳои наворбардории муассиса шинос кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД