arzon replenishment
Дар Хуҷанд як занро бо гумони куштори кӯдаки 2-сола боздошт намуданд
548

Дар шаҳри Хуҷанд як зани 44-соларо барои барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатии як кӯдаки 2-сола, ки боиси марги тифл гаштааст, боздошт намудаанд. Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, боздоштшуда қаблан барои қаллобӣ ҳабс шудааст. Баъди ба озодӣ баромадан зан парастории духтарчаи 2-солаи як ҷавонзани 25-соларо, ки модараш дар маҳбас мебошад, ба зиммаи худ гирифтааст. Чашмони кӯдак иллат дошта, нигоҳубини махсусро талаб менамудааст, аммо дояи бераҳм нисбати ин тифли маъсум муносибати бераҳмона намуда, рӯзи 8-уми октябри соли 2024 кӯдаки гирёнро бо ғазаб ба кати хоб партофтааст. Тифл ба шикам афтода, аз гиряи бисёр нафасгир шуда мурдааст.

Барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар амон мондан, зан бо кумаки шиносҳояш ҷасади духтарчаро гӯручӯб карда, ба наздиконаш гуфтааст, ки кӯдак бо марги худаш мурд, вале ҳақиқат билохира рӯйи об баромада, акнун дояи бераҳм ба сазои аъмолаш мерасад.

Айни замон нисбати ин зан бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад. Тибқи ин банди қонун ба зан барои то марг расонидани кӯдаки 2-сола аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД