toyota motors
Дар Хуҷанд мардеро бо гумони куштори ҳамкораш дастгир карданд
106

Кормандони милитсия дар вилояти Суғд мардеро боздошт намудаанд, ки дар куштори ҳамкораш гумонбар дониста мешавад.

Ҳодиса рӯзи 8-уми апрел, тахминан соатҳои 9:00 дар маҳаллаи Чашмаи шаҳри Хуҷанд дар корхонаи истеҳсолии “Кабири Хуҷанд” рӯй дода, байни сокини 30-солаи шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон Алишер Ҷӯраев ва ҳамкораш Иқбол Носирови 40-сола, ки сокини ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, роҳбарии сехро бар дӯш доштааст, сари мавзуи гузаронидан ба кори беҳтар баҳсу мунозира ба миён омадааст. Дар рафти моҷаро Алишер Ҷӯраев роҳбари сех Иқбол Носировро корд зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Кормандони милитсия аксҳои гумонбарро дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр насб карда, аз сокинон кумак хоста буданд ва инак Алишер Ҷӯраев боздошт шуда, нисбаташ бо қисми 1-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД