Бо ташаббуси Раёсати тандурустии вилояти Суғд ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, таъмини солимии кӯдакон, пешгирии бемориҳои камхунӣ, гипотрофия, бемориҳои ғадудҳои дарунӣ, саривақт муайянсозии нуқсонҳои модарзодӣ ва фарогирии онҳо бо табобат, чорабинии марказонидашудаи иттилоотию ташхисии “Корвони саломатӣ» дар Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар доираи маъракаи “Корвони саломатӣ” кӯдакони тарбиятгирандаи маркази мазкур аз ҷониби 20 нафар мутахассисону табибони ботаҷриба ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар рафти ин чорабинии солимгардонӣ мутахассисони соҳа тавонистанд беш аз 36 нафар кӯдаконро ба таври ройгон ташхису муоина намоянд.
- Дар маҷмуъ, чунин чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ ва солимгардонӣ метавонанд барои баланд бардоштани малакаи табибон дар минтақаҳо ва дастрасии ҳарчи бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббии ройгон мусоидат намоянд,- меафзояд манбаъ.