goodwell
Дар Хуҷанд корҳои мумфаршкунии кӯчаи Баҳром Фирӯз оғоз ёфт
02.06.2026
Oila.tj
97

Дар доираи корҳои ободонӣ бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ ва соҳибкорони ватандӯст як қатор кӯчаҳо ва маҳаллаҳои Хуҷанд марҳила ба марҳила мумфарш карда мешаванд.

Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи Баҳром Фирӯз дар маҳаллаҳои 14-15-уми шаҳр ҳусни оғоз бахшида шудааст.

Тибқи иттилои масъулин роҳ бо дарозии тақрибан 4 километр пурра мумфарш гардида, ҳамзамон ҷӯйборҳо ва пайроҳаҳои канори роҳ бунёд мешаванд.

Зимни оғози корҳо таъкид гардидааст, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ба беҳтар шудани инфрасохтори шаҳр, осон гардидани ҳаракати нақлиёт ва беҳбуди шароити зиндагии сокинони маҳаллаҳои навбунёд мусоидат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД