goodwell
Дар Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» оғоз гардид
19.05.2026
Oila.tj
40

Дар шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» аз рӯйи номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн оғоз гардид.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, дар даври шаҳрии озмун 120 довталаб дар номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок мекунанд. Тибқи Низомномаи озмун, дар номинатсияи санъати тасвирӣ нусхабардории асарҳои рассоми дигар қатъиян манъ аст. Асари офарида бояд бе ёрии падару модар ва устод тартиб дода шуда, дар қисмати пушти он номи асар, насаб, ном ва номи падар, синни иштирокдори озмун, номи муассиса, суроғаи ҷойи истиқомат ва роҳбар (омӯзгор) дарҷ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2026 барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД