Arzon march 2024
Дар Хуҷанд ба кӯдакони бемор туҳфаҳои идона тақдим карданд
02.06.2025
Oila.tj
218

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳорӣ ба Беморхонаи клиникавии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, кӯдакони беморро ба ин сана шодбош гуфтааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, аснои ташриф ба ин муассисаи тандурустӣ номбурда аз шуъбаҳои ҷарроҳии кӯдакона, осебшиносӣ ва раддодии кӯдакона, ҷарроҳии асаби кӯдакона ва шуъбаи бемориҳои сӯхта дидан карда, бо ҷараёни табобати кӯдакон шинос гаштааст.

Зимни суҳбат бо волидони кӯдакон муовини раиси шаҳри Хуҷанд аз шароиту имкониятҳои мавҷуда дар самти ташхису табобати шаҳрвандон, алалсухус кӯдакон ёдовар шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола санаи 1-уми июн дар саросари мамлакат Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД