Arzon march 2024
Дар хориҷа таҳсил кардан мехоҳед?
558


Шумо орзуи дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи Аврупою Амрикоро таҳсил карданро доред? Пас ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Маркази барномаҳои байналмилалӣ аз рӯйи зинаҳои бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникӣ ҳуҷҷатҳои довталабонро қабул менамояд.

Барои довталабони зинаи бакалавр квотаҳо аз рӯйи 52 ихтисос дар зиёда аз 30 кишвари пешрафтаи ҷаҳон пешниҳод шудааст.

Нафароне, ки дар зинаи мутахассис таҳсил кардан мехоҳанд, метавонанд 4 ихтисосро аз муассисаҳои олии Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Беларус интихоб намоянд.
Ҷиҳати таҳсил дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои Аврупою Амрико, Сингапуру Австралия ва дигар давлатҳои ҷаҳон аз рӯйи 16 ихтисос, аз ҷумла, сохтмону шаҳрсозӣ, нанотехнология, кишоварзӣ, биоинформатикаю биотехнология ва ғайра квотаҳо пешбинӣ шудаанд.

Дар зинаҳои аспирантураву докторантура ва ординатураи клиникӣ аз рӯйи ихтисосҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ квотаҳо пешниҳод шудааст.
Қабули ҳуҷҷатҳо то 1 марти соли 2023 идома меёбад.
Хароҷоти таҳсил, хобгоҳ ва суғуртаи довталабоне, ки аз санҷиши Комиссияи интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ мегузаранд, пурра аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад.

Довталабоне, ки мехоҳанд ба тариқи бурсия ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ дохил шаванд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» супоранд.
Талаботи асосӣ барои довталабон донистани забонҳои хориҷӣ ва дониши васеъ дар соҳаи интихобнамуда мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД