Соли сипаришуда тӯйи арӯсиям буд. Бо сад орзуву умед ва бо дуои падар ба хонаи шавҳар пой ниҳодам. Зиндагии ману Усмон ширин мегузашт. Мо ҳамдигарро сахт дӯст медоштем, вале ба дӯстдории мо чашми бад расид.
Усмон тасмим гирифт, ки ба Русия рафта пул кор мекунаду қарзҳояшро пардохт мекунад. Ҳар шаб бо ман дар тамос шуда, аз кору бори худ нақл мекард. Баъди 6 моҳи ҷудоӣ Усмон ба ман телефонкуниро баС кард. Телефонаш ҳамеша хомӯш буд.
Ҳар боре хусуру хушдомани пирам аз ман писарашонро мепурсиданд, ман бардурӯғ ӯ хуб аст гуфта дилбардорияшон менамудам. Зани раиси маҳаллаамон ба хона омаду маро ба хонааш даъват кард. Зуд наздаш рафтам. «Худатро ба даст гир Марворид. Усмонро дар Русия куштаанд.
Имшаб ҷасадашро бо самалёт меоранд», -гуфт. Фиғону нолаам ба осмон печид. мӯй канда «Усмонҷон»-ам мегуфтам. Падару модари пираш аз ғами ҷигарбандашон синабирён буданду хоҳаронаш «акаҷонам» гуфта мӯю рӯй меканданд. Он рӯз ҳама барои Усмон мегиристанд. Баъди гӯру чӯби шавҳарам хешу таборонаш: «Ту ҳоло ҷавонӣ, метавонӣ боз дубора шавҳар кунӣ»,-гуфта маро ба хонаи падарам оварданд. Падарам ба ҷойи дилбардорӣ, боз дар фикри дубора оиладор кардани ман шудааст.
«Нонхӯри зиёдатӣ омад»-гуфта, янгаҳоям аз ман рӯй метобанд. Магар ман ба марги шавҳарам гунаҳкор ҳастам, ки имрӯз пеши наздикони худ таънасор гаштаам. Худоё ҳеҷ касро чун ман бадбахт нагардонад.
Бо эҳтиром Марворид