Sebiston new 2024 october
Дар хобат мошин гирӣ, бой мешавӣ ё ба сарат фалокат меояд?
2708


Шаби гузашта хоб дидам, ки падарам мошини нав харидааст. Хобамро ба чанд нафар гуфта бошам ҳам, касе онро дуруст таъбир карда натавонист.

Яке мегӯяд, ки мошин хоб дидан хуб аст, ба ягон орзуятон мерасед, дигарӣ баръакс “мошин дар хоб тобут аст” гӯён диламро хиҷил гардонд. Ростӣ, орому қарорамро аз даст додаам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

Зоҳир, хонандаи сомонаи Оила. ТҶ

Посух

Бародари азиз! Ташвиш накашед, мошин харидан дар хоб фоли нек буда, ба сар задани ҳодисаҳои хурсандиовар дар ҳаёти шахси хобдида ишорат мекунад. Дар хобномаҳо омадааст, ки таъбири хоб бештар ба ҷинсияти шахси хобдида ба чигунагии мошини хобдидааш вобастагӣ дорад.

Кас хоб бинад, ки мошини нав харидааст, агар бо тиҷорат машғул бошад, кораш барор гирифта, даромади калон ба даст меорад ё ягон мушкили бузургаш ҳал шуда, хурсанд мешавад. Мошини нав харидан дар хоб пайки соҳиби мансаби баланд гаштан, ба даст овардани даромади калони пулӣ ё шунидани хабари хуш низ буда метавонад.

Аммо мошини кӯҳна дар хоб чандон фоли хуб набуда, аз сар задани мушкилот дар ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳад. Эҳтимол дар ҷойи кораш ягон моҷаро сар мезанад ё бо касе гапаш гурехта, асабонӣ мешавад.
Харидани мошини боркаш дар хоб ба мушкилиҳое ишорат мекунад, ки тӯли солиёни зиёде ҷамъ шудаанд. Мошини шикастаро хоб дидан гувоҳи он аст, ки шахси хобдида ба кӯмаки дигарон ниёз пайдо хоҳад кард.
Хоб бинед, ки аз бонк қарз гирифита, мошин харидаед, кори наверо сар мекунед, ки ба шумо даромади калон меорад.

Таъбири хоб ба ҷинсияти шахси хобдида низ вобастагӣ дорад. Мард хоб бинад, ки мошин харидааст, дар зинаҳои мансаб боло рафта, даромадаш зиёд мешавад ва соҳиби мақому марбатаю обрӯ мегардад. Аммо зан хоб бинад, ки мошин харидааст, марди орзуҳояшро пайдо намуда, оилаи хушбахт барпо менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД