Sebiston new 2024 october
Дар хоб АЗОН гуфтан чи таъбир дорад ?
3950


Салом! Хонандаи ҳамешагии сомонаи Оила. ТҶ ҳастам. Мехоҳам донам, ки дар хоб азон гуфтан чӣ таъбир дорад.

Посух
Бародари азиз! Азон гуфтан, ибодат намудан, саҷда кардан ба даргоҳи илоҳӣ ва тавба кардан пеши Худованди бахшояндаву меҳрубон дар хоб фоли нек мебошад. Одам хоб бинад, ки азон гуфта истодааст, ин муждагонӣ аз он медиҳад, ки ба зудӣ шахси хоб дида ба зиёрати хонаи Каъба мушарраф гашта, ҳаҷ мекунад ва ҳоҷӣ мешавад.
Шахс хоб бинад, ки рӯ ҷониби қибла намоз мехонад, ба ягон орзуи бузургаш мерасад. Хоб бинед, ки дигарон барои шумо дуо карда истодаанд, соҳиби боигарӣ ва хушбахт хоҳед гашт.
Одами қарздор хоб бинад, ки дар рӯйи ҷонамоз нишаста, пеши худованд зорию тавалло дорад, он шахс бо мадади Аллоҳи меҳрубон аз қарз халос мешавад.
Шахсе, ки ягон мушкили бузург дорад, агар хоб бинад, ки ба чоҳи торике афтидааст, аммо ҳамоно худовандро аз ёд набурда, пеши он Зоти пок саҷда мекунад, ин хоб аз он муждагонӣ медиҳад, ки Аллоҳ Таоллоҳ мушкили он бандаашро ба зудӣ осон хоҳад кард.
Касе, ки дар хоб пеши Аллоҳ зорию тавалло мекунад, дар зиндагӣ ба мартабаи баланде мерасад ё соҳиби давлату сарвати зиёде гашта, байни мардум мӯҳтарам ва соҳибэҳтиром хоҳад гашт.
Намози идро хоб дидан нишонаи шодию хурсандӣ ва амалӣ гаштани орзуҳою оромиши қалбии шахси хобдида мебошад.
Аммо дар сари гӯр намоз хондан дар хоб фоли нек нест. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, бояд ҷиддан андеша намояд, ки чи кори хатое кардааст ва аз гуноҳҳои кардааш сидиқан тавба намояд, зеро чунин хоб ба он ишорат мекунад, ки кадом як рафтори шумо ба худованд хуш наомадааст ва бо ҳамин роҳ Аллоҳ мехоҳад аз фаро расидани марг ва азоби рӯзи қимат бандаашро огоҳ созад.
Зан, агар хоб бинад, ки дар меҳроб намоз мехонад, писареро ба дунё хоҳад овард, ки бисёр инсони ботақво гашта, шафоааташ ба волидон мерасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД