Дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт дар болои дарёи Душанбе пули нав ва роҳи дуқабата - эстакада бунёд хоҳад гашт.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти кишар, сохтмони пули нав ва эстакада то охири соли равон сар шуда, давоми се сол бояд ба анҷом расонида шавад. Барои иҷрои ин лоиҳа Вазорати нақлиёт бо ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, ширкати хитоии “Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd” (HUCG) қарордод бастааст.
Лоиҳаи мазкур дар доираи созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, ки моҳи апрели соли 2024 ба маблағи 28,4 млн евро имзо шуда буд, амалӣ гашта, дар доираи он лоиҳа бозсозии хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт аз кӯчаи Неъмат Қарабоев то пули дарёи Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Роҳи хиёбони Саъдии Шерозӣ то 8 хати ҳаракат васеъ карда шуда, дар баъзе қисматҳои он хатҳои алоҳида барои рафтуомади нақлиёти ҷамъиятӣ ҷудо карда мешаванд.
Мақсад аз роҳандозии лоиҳа коҳиш додани танбашавии роҳ дар ин минтақа, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани бехатарии ронандагону пиёдагардон мебошад.