Омӯзгори 70-сола Раҳмоналӣ Сайдалиев, ки зодаи шаҳри Кӯлоб буда, солҳои пеш дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб фаъолият менамудааст, барои куштори ҳамсояаш аз ҷониби Суди вилояти Хатлон ба 4 соли зиндон маҳкум гаштааст.
Тавре ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддин иттилоъ додааст, куштор 33 сол қабл дар замони ҷанги шаҳрвандӣ рӯй дода, гунаҳкор ба тозагӣ муҷозот шудааст.
“Рӯзи 18-уми июли соли 1993, тахминан соати 05:00-и субҳ байни Раҳмоналӣ Сайдалиев, ки ба ҳайси омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб фаъолият мекард ва ҳамсояаш Пирмаҳмад Давлатов барои навбати обёрии замини наздиҳавлигӣ баҳсу муноқиша сар задааст. Сокинони маҳалла кӯшиш кардаанд, ки онҳоро ҷудо кунанд, вале Сайдалиев бо бел ба сару рӯйи ҳамсояаш Давлатов пай дар пай зарба зада, дар натиҷа ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,-омадааст дар хабар.
Маҳкумшуда аз тафтишот пинҳон шуда, парвандае, ки дар робита бо ин ҳодиса боз шуда буд, қатъ гардидааст, вале соли 2025 парвандаи мазкур дубора мавриди баррасӣ қарор гирифта, гумонбар дастгир шудааст. Суди вилояти Хатлон Раҳмоналӣ Сайдалиевро ба одамкушӣ бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар таҳрири соли 1961 гунаҳкор дониста, ба муҳлати 8 сол равонаи зиндон намудааст, вале бо дарназардошти татбиқи Қонуни авфи соли 2013 муҳлати ҷазо 4 сол кам карда шудааст.