Gazprom july 2025
Дар Хатлон даври вилоятии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид
132

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иброз дошт, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як марҳалаи муҳими маърифатӣ ва фарҳангӣ барои ҷомеаи кишвар буда, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории озмун нишонаи равшани ғамхорӣ ба маърифатнокӣ ва завқи китобхонии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон аст.

Таъкид гардид, ки тамоми шароит барои баргузории саривақтӣ ва сатҳи баланди озмун фароҳам оварда шуда, назорати ҷараёни он аз ҷониби мақомоти марбута таъмин мегардад.

Гуфта шуд, ки аз рӯйи чор номинатсия доир шудани озмун ва ҷалби тоҷикони бурунмарзӣ як падидаи тоза ва шоёни таҳсин буда, Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои дахлдор тартиби иштирок тариқи маҷозиро барои ҳамдиёрони бурунмарзӣ таҳия ва мувофиқа кардаанд. Барои онҳо комиссияи алоҳида ташкил гардида, имкон фароҳам аст, ки дар шакли онлайн иштирок кунанд. Ҳадаф аз ин иқдом таҳкими ҳувияти миллӣ, забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар миёни ҳамватанони берун аз кишвар мебошад.

Тибқи ҷадвали тасдиқшуда озмун аз 11 то 20-уми августи соли ҷорӣ давом мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД