Дар Хатлон барои ифлос кардани муҳити зист беш аз 2500 протокол тартиб дода шудааст
127

Партофтани партовҳо ба об ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ боиси ифлос гаштани муҳити зист гашта, мушкилоти экологиро ба миён меорад.

Бо мақсади мубориза бо ин падидаи номатлуб Cарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон назоратро пурзӯр намуда, нисбати шахсоне, ки бо амалҳои худ боиси ифлосшавии муҳит мегарданд, чораҳои зарурӣ меандешад.

Тавре Қурбоналӣ Собирзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иттилоъ додааст, дар вилояти Хатлон давоми ҳашт моҳи соли равон беш аз 2560 прjтоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба зарар расонидан ва ифлос намудани муҳити зист тартиб дода шудааст. Дар маҷмуъ 2953 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии ҷаримаҳои таъиншуда наздик ба 29 ҳазор сомонӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД