goodwell
Дар Хатлон 10 нафар бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ кардаанд
11.11.2026
Оила
72

Дар Хатлон 10 нафар бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ кардаанд

Дар нӯҳ моҳи соли 2026 дар вилояти Хатлон 10 мавриди ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.

Гулчеҳра Раҳмон, мудири шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон, ба Pressa.tj гуфтааст, ки дар ин давра чор зан ва шаш марди тоҷик бо шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ издивоҷ кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин шаҳрвандон асосан аз шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Ҷайҳун, Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд.

Манбаъ афзудааст, ки сокинони вилояти Хатлон бо шаҳрвандони Русия, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Украина ва Нигерия ақди никоҳ бастаанд.

Қаблан Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар кишвар 42 мавриди ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд сабт шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 16 маврид кам мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД