Дар Истаравшан 990 иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шудааст
134

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан корҳои васеи созандагию бунёдкорӣ амалӣ гардида, дар маҷмуъ 990 адад иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ иттилооъ дод.

Гуфта шуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо дар шаҳри Истаравшан таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони 990 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз ҳамаи ин иншоот пурра ба истифода супорида шуда, иҷрои нақша 100 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, нақшаи чорабиниҳои соли 2025 аз 198 адад иншоот иборат буда, дар соли ҷорӣ ҳамаи онҳо сохта ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти сохташуда соҳаҳои гуногунро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, дар соҳаи саноат 22 адад, маориф 56 адад, тандурустӣ 22 адад, фарҳанг 8 адад, варзиш 29 адад, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ 87 адад иншоот бунёд гардидаанд. Инчунин, дар самти роҳдорӣ 161,88 километр роҳ таъмиру азнавсозӣ шуда, 178 адад иншооти таъмирӣ, 5 адад пул, 10 адад бинои истиқоматӣ, 10 адад бинои маъмурӣ ва 563 адад дигар намуди иншоот сохта, ба истифода дода шудаанд.

Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан корҳои созандагию бунёдкориро минбаъд низ идома дода, иловатан нақшаи сохтмону азнавсозии иншооти гуногунро ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ менамояд. Ҳоло дар доираи он боз 170 адад иншооти гуногун ба нақша гирифта шудаанд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД