Писарбачаи 12-солааму Паймон ном дорам. Сабаби ба сомонаи «Оила» муроҷиат намуданам он аст, ки шояд ин навиштаам ба дасти модарам расаду аз ҳоли зори мо-сағераҳояш огоҳӣ ёфта, дили сангинаш ақаллан як боракак ба дард ояд. Падару модарамро гапашон гурехт, ҷанҷол карданд. Дар сари қаҳру ғазаб аз даҳони падарам якбора «3-талоқат кардам» баромада монд.
Модарам ин сухани тақдирсӯзро шунида доду фиғон бардошт, гиряву нолаи бисёр кард ва билохира хоҳарамро гирифта баромада рафт. Падарам ду дасташро ба бехи гӯшаш бурда «Худоё ман чи гуфтам?!» гӯён, дарун-дарун хун мехӯрд. Аён буд, ки аз карда пушаймон аст, вале оби рехтаро дигар ҷамъ кардаю сухани чун тири камон берун ҷастаро баргардондан намешуд.
Хуллас, он шабро бо гиря рӯз кардему саҳар модараму тағоҳоям барои бурдани кӯчу бандашон омаданд. «Очаҷон, нарав!» гӯён, домони модарамро сахт дошта гиристем, вале гиряҳои зорамон ба дили сангинаш асар накарданд. Модарам ҳатто ба рӯямон нанигариста низу чораашро ба мошин бор карда, падарамро дашномдеҳон баромада рафт.
Модарам рафту азобу хориҳои мо сар шуд. Падарам аламашро аз шароб мегирифтагӣ шудааст, менӯшад, маст мешаваду моро аз хона меронад. Дар ин фасли сарди зимистон касе дарашро ба рӯи мо боз намекунад. Ману додараконам шабро дар ҳезумхонаҳо рӯз мекунем. Аз дасти падари майхора ба дод омадем, очаҷон, як бор биёву аҳволи сағераҳакота бубин! Нони хӯрдан надорем, то ба кай аз хонаи ҳамсоя нон металбем?! Рӯзе нест, ки падарам ба хона маст наояд. Раҳми ҷони моро хӯру ба хона баргард очаҷон ё моро аз ин ҷаҳаннам халос бикун!
Аз дарди ҷудоӣ дили додараконам Меҳробҷону Сӯҳробҷон ҳавзи хун гаштааст, очаҷон, наход боре се гулписарат ба ёдат наомада бошад-а?! Бо хориву бошад ҳам, калон мешавем, вале дар сурати моро суроғ накарданат дар рузи қиёмат гиребонгират хоҳем гашт, оча!