Дар Файзобод ба Бозор
Собир ҳайкал гузоштанд
Дар ноҳияи Файзобод ба шоири маҳбуби тоҷик Бозор Собир ҳайкал гузоштаанд.
Маросими пардабардорӣ аз рӯйи пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон устод Бозор Собир дирӯз, 16-уми ноябр дар боғи ба номаш гузошташуда сурат гирифтааст. Тавре ки муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Толиб Луқмон зимни суҳбат бо журналистон гуфтааст, баъди пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи шоир бо иштироки ҳунармандони машҳури тоҷик Саидқул Билол, Ибодулло Машраб ва Муҳаррама Шарифова барномаи консертӣ баргузор гаштааст.