Боз як зан худро бо 4 фарзандаш ба дарё партофтааст. Дар ин бора расонаҳо дар такя ба як навори видеоии аз ҷониби шоҳидони ҳодиса фиристодашуда хабар медиҳанд.
Ҳодиса шоми дирӯз, 30-юми июн дар деҳаи Қизилсуи ноҳияи Фархор рӯй дода, як зан ҳамроҳи чаҳор фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб партоб кардааст.
Бино ба маълумоти дарёфтӣ, зане, ки худро бо фарзандонаш ба дарё ҳаво додааст, сокини ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор Ҳалимова Мадина Сайфуллоевна буда, 27-сола ва модари 4 фарзанд будааст.
Шаби 29 ба 30-юми июн, тахминан соатҳои 12 ба 01-и шаб ин зан ҳамроҳи фарзандони хурдсолаш Латофати 5-сола, Зайнаби 3-сола, Ёсамини 2-сола ва Муҳаммадҷони ҳанӯз яксола нашуда аз хона баромада, аз болои кӯпрук аввал фарзандони калониаш Латофат ва Зайнабро ба дарё партофта, баъдан худро бо ду фарзанди хурдсоли дигараш ба Сурхоб ҳаво додааст.
Аммо баъдан зан аз дарё баромада, талош кардааст фарзандонашро пайдо намояд, вале ин кор ба ӯ даст надодааст. Сабаби қасди ҷони худ ва кӯдаконаш намудани ин зан маълум нест.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади ду фарзанди ин занро пайдо кардаанд, ҷустуҷӯи ду кӯдаки дигар идома дорад.
Тибқи маълумоти манбаъҳои интернетӣ модари кӯдакон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, алайҳаш бо қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст.
Тафтишоти ин парвандаро Прокуратураи ноҳияи Фархор пеш мебарад.