Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар доираи ин вохӯрӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва дастгирии шахсони саховатманд «Чойхонаи собиқадорон» ба истифода дода шуд. Раиси ноҳия Икромиддин Вализода собиқадоронро бо ифтитоҳи «Чойхонаи собиқадорон», ки ба як гӯшаи зебо, обод ва фароғатбахш табдил ёфтааст, табрик гуфт.
«Ин иқдоми неку шоиста дар партави сиёсати иҷтимоиву инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст, ки ҳамеша нисбат ба собиқадорон ва пиронсолон ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд»,- гуфт Икромиддин Вализода.