Arzon march 2024
Дар Эрон занонро барои риоя накардан ба ҳиҷоб қатл мекунанд
261

 

Парлумони Эрон қонуни наверо қабул намудааст, ки ҷазоро нисбати занону духтарон барои риоя накардан ба ҳиҷоб боз ҳам сангинтар месозад.

Тибқи ин қонун дар Эрон пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ”бараҳнагӣ, риоя накардан ба тарзи дурусти пӯшидани ҳиҷоб ва ба бар намудани сарулибосе, ки бадани занро пурра намепӯшонад” пешбинӣ шудааст. Занону духтароне, ки ба тарзи дурусти пӯшидани ҳиҷоб риоя намекунанд, тибқи қонуни нав латукӯб карда мешаванд, ҷаримаи калон месупоранд, зиндон мешавад ва ҳуқуқашон ба таҳсил ва кор маҳдуд карда мешавад.

Ҳуқуқшиносон бар он назаранд, ки қонуни мазкур ҳуқуқҳои занону духтарони эрониро пурра поймол намуда, фаъолияти онҳоро боз ҳам маҳдудтар месозад.

Мувофиқи ин қонун занони духтароне, ки либосҳои нимбараҳна пӯшида, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ, аз ҷумла васоити ахбори оммаи байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ин тарзи пӯшишро тарғиб менамояд, то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда, ҳамзамон то 12 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима месупоранд.

Яке аз бандҳои қонуни нав ҳатто ҷазои қатлро барои заноне, ки ба ин қонун риоя намекунанд, пешбинӣ намудааст.

“Занону духтарони эрониеро, ки акс ва видеоҳои бе ҳиҷоби худро тариқи интернет берун аз ҳудуди Эрон паҳн мекунанд, мувофиқи ин қонун метавонанд ба ҷазои қатл маҳкум намоянд,”-навиштааст ташкилоти ҳуқуқии Amnesty International.
Ба иттилоъи расонаҳо ҳатто президенти кишвар ба қоидаҳои наве, ки ин қонун пешнибнӣ намудааст, шубҳаомез менигарад, вале бидуни ризоияти ӯ низ қонуни нав дар амал татбиқ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД