goodwell
Дар Эрон як ҷавонзан барои «таҳқири паёмбар» ба қатл маҳкум шуд
15.10.2026
Oila.tj
181

Ба гузориши рӯзномаи The Guardian, Наҷмеҳ Аминӣ, ҷавонзани 23-сола аз шаҳри Машҳади Эрон бо иттиҳоми «таҳқири паёмбар» ба ҳукми қатл маҳкум шудааст.

Аминӣ моҳи январ дар ҷараёни эътирозҳои саросарӣ дар Эрон ва пас аз он боздошт гардид. Бино ба маълумоти нашршуда, пулиси киберии Эрон зимни назорати фазои маҷозӣ паёмҳоеро ошкор кардааст, ки дар онҳо ҳукумат танқид шуда, ба гуфтаи мақомот, унсурҳои куфр мавҷуд будаанд. Мазмуни дақиқи ин паёмҳо то ҳол эълон нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, Наҷмеҳ Аминӣ илова бар иттиҳоми таҳқири паёмбар, дар амалҳои зидди амнияти миллӣ ва паҳн кардани таблиғот алайҳи ҳукумат низ гунаҳкор дониста шудааст. Додгоҳ ӯро ба 12 солу шаш моҳу як рӯзи зиндон ва ҳамчунин ҳукми қатл маҳкум кардааст.

Гуфта мешавад, ки Аминӣ моҳи гузашта ба Созмони Милали Муттаҳид (СММ), коршиносони ҳуқуқӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон муроҷиат карда, хостори баррасӣ ва таҳқиқи парвандааш шудааст.

Тафсилоти бештар дар бораи ҷараёни муҳокима, далелҳои пешниҳодшуда дар додгоҳ ва имкони таҷдиди назар кардани ҳукм дар маълумоти пешниҳодшуда зикр нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД