Дар Ҷумҳурии исломии Эрон дар як рӯз 29 касро ба дор овехтанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки қатли чунин шумораи зиёди одамон дар як рӯз бесобиқа аст. Дар ин бора Би-би-сӣ хабар додааст.
Ҳодиса рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта - 9-уми август рӯй дода, якбора 29 нафарро ба дор овехтаанд. Аз ҷумла дар зиндони Гезелхезари шаҳри Карадҷ, ки дар наздикии шаҳри Теҳрон воқеъ гаштааст, 26 нафарро ба таври гурӯҳӣ эъдом намудаанд. Дар ҳамин рӯз боз 3 маҳбуси дигар дар зиндони шаҳри Караҷ ба дор овехта шудаанд. Дар байни шахсони ба дор овехташуда 2 шаҳрванди Афғонистон низ будаанд.
Эъдомшудагон дар куштор, таҷовуз ба номус ва хариду фурӯши маводи нашъаовар муттаҳам дониста шуда, барояшон ҷазо дар намуди ҳукми қатл таъин шудааст.
Созмонҳои ҳуқуқи башар Эронро бо он муттаҳам мекунанд, ки баъди тазоҳуроти соли 2022 барои эҷод намудани тарс дар байни мардум аз ҳукми эъдом истифода мебарад. Гуфта мешавад, ки дар Эрон беш аз ҳар кишвари дигар (ба ҷуз Чин) ҷазои қатл татбиқ мегардад.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, соли равон дар Эрон 345 ҳукми қатл - эъдом ба иҷро расонида шудааст. Аз шумораи умумии қатлшудагон 15 нафарашон занон будаанд.