arzon replenishment
Дар Душанбе торти рекордӣ омода карданд
140

Дар доираи таҷлили ҷашни “Меҳргон” дар шаҳри Душанбе қаннодони Федератсияи ҷаҳонии тарабхонаҳои варзишӣ WFRS аз Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе калонтарин тортро бо вазни 200 килограмм ва баландии 2 метр тайёр намуданд.

Ин ширинӣ аз ҷониби Агентии раддабандии авруосиёии ERA ҳамчун баландтарин ширинии қаннодӣ сабт шуда, дар ин бора ба Тоҷикистон Сертификат дода шуд.

Ширинии мазкур бо нишонаҳои нақшу нигори миллӣ - акси Қалъаи Ҳисор, меваҳои тару тозаи Тоҷикистон ва пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ омода гардида, пешниҳоди иштирокчиён ва меҳмонони ҷашн гардонида шуд. Ин маҳсулоти қаннодӣ аз чанд қабат иборат буда, пояи мураббаъ бо паҳнои 1,1 метр бо 20 ҳайкалчаи бо намуди қаланфур сохташуда, ки дар шакли маконҳои дидании Тоҷикистон буданд, оро дода шудааст. Ба болои он ду ошёнаи дигари мудаввар бо нақшҳои миллӣ ва шакли тарбуз, харбуза, ангур ва меваҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Зикр шуд, ки барои ин ширинии калонҳаҷм 160 дона тухм, 25 кг шакар, 45 кг хамираи шакарӣ, якчанд килограмм орд сарф шудааст.

Ин ширинии рекордӣ дар Рӯзи ҷаҳонии ошпазон ва ҷашни миллии кишоварзии Тоҷикистон - Меҳргон, ки ҳарду 20-уми октябр таҷлил гардиданд, омода шуд.

Ин ташаббус аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сайёҳии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» ба роҳ монда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД