«Ҷойгоҳ ва арзиши тамаддуни ориёӣ дар таърихи умумибашарӣ - аз дирӯз то имрӯз” - таҳти чунин унвон моҳи октябри соли равон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилалӣ баргузор мегардад.
Дар симпозиум олимону муҳаққиқон аз кишварҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик иштирок хоҳанд кард.
Тавре мудири шуъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Аскаралӣ Раҷабов иттилоъ додааст, дар ин симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд донишмандону муҳаққиқони кишварҳои хориҷӣ масъалаҳои гуногуни марбут ба таҳқиқи осори тамаддуни ориёиро баррасӣ менамоянд.
Баргузории симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳ ва арзиши тамаддуни ориёӣ дар таърихи умумибашарӣ - аз дирӯз то имрӯз» моҳи октябри имсол дар шаҳри Душанбе марбут ба он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, то барои дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.