Sebiston new 2024 october
Дар Душанбе Рӯзи матбуот таҷлил мешавад
326

Соати 16-и имрӯз дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки ин иқдом аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар чорабинии идона сарояндагони номдоре чун Нигина Амонқулова, Муҳаммадрофеъ ва Нозияи Кароматулло, Хайриддини Шариф, Ҷанаттулло Абдуллоеву дигарон рӯзноманигоронро бо таронаҳои худ табрик мекунанд.

Дар идомаи он, ҳамзамон, расми қадршиносии расонаҳо ва рӯзномаҳои алоҳида доир гашта, барандагони ҷоизаи ИЖТ ба номи Лоҳутӣ ва Асрорӣ эълон мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола 11 март дар кишвар чун Рӯзи матбуот таҷлил мешавад. Ин ҷашн ба хотири нашри аввалин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” дар ҳамин сана муқаррар шудааст. Ин рӯзнома имсол 112-сола шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД