arzon replenishment
ДАР ДУШАНБЕ РОҲҲО БАСТАЮ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ МАНЪ МЕШАВАД?
1489


Тайёрӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон бо маром идома дорад.

Ба хотири халалдор нагаштани рафти омодагиҳо ба “маршировка” дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба муддати як моҳ дар вақту соатҳои муайян роҳҳо баста ва ҳаракати нақлиёт манъ карда мешавад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо имзои як қарор барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пойтахт баъзе маҳдудиятҳоро ҷорӣ намудааст, ки қариб як моҳ идома хоҳанд ёфт.

Далели маҳдудсозии ҳаракат дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе омодагиҳо ба парад-гузашти ҳарбӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон мебошад.

Бар асоси қарори мазкур аз соати 15:00 то 21:00 -и 10 -уми август то рӯзи 26 -уми август дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи Шерозӣ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ қатъ мешавад.

Дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бастани роҳҳо ва маҳдудсозии ҳаракати нақлиёт аз 27 август оғоз ёфта, то 7 сентябр идома меёбад. Тайи ин муддат аз соати 18:00 то 23:00 дар қитъаи буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши хиёбони Абуалӣ ибни Сино ҳаракати нақлиёт қатъ хоҳад гашт.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе вазифадор гаштааст, ки барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаю хиёбонҳои ҳамшафат ва бехатарии шаҳрвандон чораҳо андешад.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта бо сабаби хурӯҷи коронавирус аксари идҳо дар Тоҷикистон ҷашн гирифта нашуданд, вале Ковид-19 барои таҷлили 30-солагии Истиқлолият монеъ нагашта, ин ҷашни пуршукӯҳ бо шаҳомати хоса таҷлил хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД