Arzon admin
Дар Душанбе оби нӯшокӣ қатъ мегардад
153

 

Санаи 25 июл, аз соати 06:00 то 16:00, интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе муваққатан қатъ мегардад. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, интиқоли оби нӯшокӣ дар канали дериватсионии «Неругоҳи барқи обии 2-и филиали Силсиланерӯгоҳҳои Варзоб» мувақққатан қатъ карда мешавад. бинобар ин, дар ноҳияи И.Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А. Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ. Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У. Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П. Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У. Хайём то кӯчаи С. Ғанӣ), инчунин Боғи С. Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ; ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н. Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон — 1 ва 2, кӯчаҳои Д. Халқҳо, А. Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак. Раҷабовҳо ва С. Айнӣ аз биноҳои 1 то 77; ноҳияи Сино, маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон — 1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам ва ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, шаҳракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД