Sebiston new 2024 october
Дар Душанбе корхонаи уребчабарорӣ кушода шуд
1403

 

Сар аз имрӯз дар Душанбе корхонаи истеҳсоли уребчаҳо ба фаъолият шурӯъ кард.

Рустам Эмомалӣ, шаҳрдории Душанбе, корхонаи истеҳсоли уребчаҳоро кушода, аз шароити ин корхона дидан намуд. Коргоҳи мазкур аз ду қисм, коргоҳи истеҳсолию анборхона ва қисми маъмурӣ иборат буда, 150 нафар ба кори доимӣ таъмин карда мешавад. Корхона имкон дорад, ки дар се баст фаъолият намуда, дар як дақиқа то 600 уребча ва дар як шабонарӯз зиёда аз 800 ҳазор адад уребча истеҳсол намояд.

Сохтмони корхона аз ҷониби ҶДММ “Васли Моғиён” соли 2020 оғоз гардида буд. Кушодашавии корхонаи истеҳсолӣ дар татбиқи Паёми имсолаи презитдени кишвар, эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” саривақти мебошад.

Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе, масъулинро вазифадлор намуд, ки дар самти баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Дар оянда масъулин нақша доранд, ки бо бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли уребчаҳо содиротро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД