arzon replenishment
Дар Душанбе Форуми байналмилалии сайёҳии “Иттиҳод-2024” баргузор мегардад
221

Рӯзҳои 19-20-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Котиботи Шӯрои Асамблеяи байнипарлумонии ИДМ Форуми байналмилалии сайёҳии TRAVEL HUB “Иттиҳод-2024” баргузор мегардад. Дар ин бора аз бахши котибот, матбуот ва маркетинги Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Зикр шуд, ки дар форум намояндагони парлумонҳо, доираҳои тиҷоратӣ, роҳбарони ассотсиатсияҳо ва коршиносони кишварҳои ИДМ ширкат хоҳанд кард.

Форуми мазкур бори чорум баргузор шуда, маротибаи аввал дар формати берун (шаҳри Душанбе) доир мегардад. Ҳадафи он афзоиши гардиши сайёҳон ба кишварҳои ИДМ, рушди робитаҳои нав, инчунин баланд бардоштани эътироф ва ҷолибияти кишварҳои аъзо ва табодули таҷриба байни кишварҳо дар соҳаи сайёҳии тиббӣ, экологӣ, таърихию фарҳангӣ арзёбӣ мегардад.

Чорабинии мазкур ду рӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» доир шуда, дар доираи он ҷаласаи пленарӣ, ҷаласаи комиссияи АБП ИДМ, мастер – классҳо барои меҳмонхонаҳо, ҷаласаи стратегӣ, G2G вохӯриҳо ва вохӯриҳои рӯ ба рӯ (B2B) байни ширкатҳои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ ба нақша гирифта шудааст.

Ба зикри масъулин, дар рӯзи дуюми чорабинӣ ҳайатҳои иштирокчиён дар ҷашни миллии Меҳргон, ки дар Боғи ба номи Фирдавсӣ баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Дар рафти ҷашн аз ҷониби шарики лоиҳа барои меҳмонон омода намудани торти рекордӣ ба нақша гирифта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД