toyota motors
Дар Душанбе Фестивал-озмуни “Як матову сад ранг” баргузор мегардад
168

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва тарғиби либоси миллӣ санаи 28-уми апрел дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе даври ниҳоии Фестивал-озмуни “Як матову сад ранг” баргузор мегардад.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин чорабинӣ бо ирсоли як паём тарроҳон, чеварон, нақшдӯзон, қаламкашон ва дизайнерҳоро ба иштирок дар фестивал-озмуни “Як матову сад ранг” даъват намудааст.

Дар доираи фестивал намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор хоҳад гашт. Намоиш-фурӯш барои чакандӯзон, чеварон, тарроҳон ва дигар ҳунармандон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ имкон фароҳам меорад, ки ҳунари волояшонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД