goodwell
Дар Душанбе ду ҳолати фолбинӣ ва сеҳру ҷоду ошкор гардид
18.09.2026
Oila.tj
79

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зимни гузаронидани чорабиниҳои мақсадноки санҷишӣ ду ҳолати машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷодуро ошкор кардаанд.

Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, шаҳрвандон Исаков Ҳабибулло, 58-сола ва Қурбонов Абдулфатоҳ, 51-сола, сокинони шаҳри Душанбе ба чунин фаъолияти мардумфиребона машғул шуда, аз ҳисоби он манфиати молиявӣ ба даст меовардаанд. Вобаста ба ҳолатҳои ошкоршуда нисбати ҳар ду нафар тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Бо қарори суд нисбати онҳо ҷарима ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин шуда, ҳамзамон ба иҷрои корҳои манфиатноки ҷамъиятӣ ҷалб гардидаанд.

Мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки аз муроҷиат ба фолбинон худдорӣ намуда, дар пешгирӣ ва аз байн бурдани чунин зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД