Arzon march 2024
Дар Душанбе боз як занро барои даллагӣ боздошт намуданд
222

 

 

 

 

Дар шаҳри Душанбе боз як занро барои даллагӣ дастгир карданд. Гуфта мешавад, ки боздоштшуда манзилашро ба макони айшу ишрат табдил дода, барои ишқварзӣ ба занон ва мардони айшу ишратпараст шароит фароҳам оварда, бо ҳамин роҳ пули муфт ба даст меовардааст.

Бано ба маълумоти Вазорати умури дохилии кишвар боздоштшуда 43-сол дошта, сокини шаҳри Душанбе мебошад. Санаи 17- октябр ин зан хонаашро барои ишқварзӣ дар ихтиёри марди 32 сола ва духтари 23-сола гузошта, бар ивазаш аз онҳо 300 сомонӣ маблағ гирифтааст. Худи ҳамон рӯз дар манзилаш барои муносибатҳои маҳрамона ба марди 30 -сола ва зани 32- сола шароит фароҳам оварда, аз онҳо ҳам 300 сомонӣ маблағ ситонидааст. Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД