Commerce bank may-june 2026
Дар Душанбе аз таҳхонаҳои биноҳо марказҳои хизматрасонии ғайриқонуниро бартараф мекунанд
25.06.2026
Oila.tj
146

Дар таҳхонаҳои бештари биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки барои таваққуфи воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд, аз ҷониби баъзе шаҳрвандон ба таври ғайриқонунӣ марказҳои хизматрасонӣ ташкил карда шудаанд. Мутаассифона, ин омил боиси наёфтани макони таваққуф ва танбашавӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ гардидааст.

Бо мақсади бартараф намудани чунин ҳолатҳо, аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Раёсати назорати давлатии меъморӣ-сохтмонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, бо шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бартарафнамоӣ баргузор намуда истодаанд.

Аз ҷумла, аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ ва Деҳи Болои ноҳияи Сино марказҳои савдо, қурутобхона, толори саққобозӣ, ошхона ва якчанд анборхона бартараф карда шудаанд.

Аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки таҳхонаҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматиро, ки ғайриқонунӣ ва ғайримақсаднок истифода мебаранд, бартараф намуда, онҳоро ба нақшаи тасдиқшудаи сохтори бино мутобиқ созанд.

Санҷишҳо дар ин самт аз ҷониби гурӯҳи корӣ идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД