Arzon march 2024
Дар Душанбе аввалин “Фестивали либоси миллӣ” баргузор мегардад
259

Дар шаҳри Душанбе ба наздикӣ аввалин “Фестивали либоси миллӣ” баргузор хоҳад гашт. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Либоси миллӣ дар баробари забон ва таърих як ҷузъи асосии фарҳанги миллат ба ҳисоб меравад. Бо мақсади тарғиби либосҳои миллии тоҷикона, ки хеле зебо ва дилкаш мебошанд, ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе якумин “Фестивали либоси миллӣ” баргузор гашта, намунаҳои беҳтарини либосҳои миллии тоҷикӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Тавре зимни нишасти хабарӣ дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар баробари либосҳои миллии тавсиявӣ барои занону духтарони тоҷик, ҳамчунин омода намудани тарҳи либосҳои миллӣ барои мардони тоҷик низ дар назар дошта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде қабл парлумони кишвар ба ҷонибдории қонуни нав овоз дод, ки пӯшидани либосҳои бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб, доманҳои кӯтоҳ (мини-юбка), шимҳои даридаи ҷинс ва дигар либосҳои барои фарҳанги миллати тоҷик бегонаро манъ мекунад.    

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД