Arzon march 2024
Дар Душанбе автобусҳои нав ба роҳ мебароянд
1481

Хадамоти матбуоти ҳукумати шаҳр хабар медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе охири моҳи январ як хатсайри мунтазами автобусҳо ба кор оғоз мекунад.
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобусҳои рақами 55а аз 24- январи соли ҷори ба кор оғоз мекунанд. Ин автобусҳо аз терминали “Дарвозаи ҷанубӣ” то боғи “Ломоносов” ҳаракат мекунанд. Нақлиёти нав микроавтобусҳои куҳнаро иваз мекунад, ки бо ҳамон хатсайр ҳаракат мекарданд. Пардохти роҳкиро дар хатсайримазкур минбаъд бо воситаи корти нақлиётӣ сурат мегирад.
 Автобусҳо мисли пештара дар 8 кӯча ҳаракат мекунанд: Ҷанубӣ, Н.Қарабоев, А.Ҷомӣ, Соҳилӣ. С.Шерозӣ, С.Айнӣ, А. Дониш, М.Мастонгулов.
Минбаъд дар ин масир автобусҳои нави тамғаи "AKIA ORIYO-LE8" пайдо мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки автобусҳои нави Тоҷикистону Туркия аз нигоҳи суръати ҳаракат ва кам кардани вақти сафар дар кӯчаҳои васеъ бартариҳои зиёде доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД