Дар шаҳри Душанбе боз як бинои мӯҳташам бунёд хоҳад ёфт, ки ба ҳусни пойтахт ҳусни тоза зам мекунад.
Бинои нав “Қасри фарҳанг” буда, архитектурааш як навъ синтези архитектураи муосиру замонавӣ ва ҳунари меъмории қадимаи Шарқӣ мебошад.
Қасри фарҳанг будани ин бино аз намуди зоҳириаш намоён аст, зеро шаклан ба доира, дутор ва таблак монандӣ дорад.
Дар бораи бунёд ёфтани қасри нави фарҳанг дар пойтахт Архитектураи Душанбе дар саҳифаи фейсбукиаш маълумо т дода, ҳамзамон 5 акси зеборо аз лоиҳаи ин бинои мӯҳташам ҷой додааст. Лоиҳаи қасри нави фарҳангро гурӯҳи лоиҳакашии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе кашидаанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки ин қасри бошукӯҳ дар кадом минтақаи пойтахт қомат меафрозад ва барои бунёди он чӣ қадар маблағ ҷудо карда шудааст.
Қасри фарҳанг, ки дар шакли созҳои миллии дутор, доира ва таблак сохта мешавад, дорои толор барои 6 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд.
Айни замон бузургтарин толори консертии шаҳри Душанбе ин “Кохи Борбад” мебошад, ки онро ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ сохта буданд ва ҳамагӣ 1800-2000 ҷойи нишаст дорад.