Бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва таъмини амнияти иштирокчиёни ҳаракат, то 25-уми сентябри соли 2025 дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» баргузор мегардад.
Дар доираи ин чорабинӣ, кормандони милитсия ба риояи ҳатмии истифодаи тасмаи бехатарӣ аз ҷониби ронандагон ва мусофирон, ҳамчунин ба қоидаҳои истифодаи мотосикл ва скутер таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки бо эҳтиёткорӣ дар роҳ ҳаракат намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд. Риояи талаботи мазкур кафолати амнияти шахсӣ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба шумор меравад.