Дар ду даври бақайдгирии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)-и соли 2025 дар Тоҷикистон 92 ҳазору 991 нафар номнавис шудаанд. Ин шумора нисбат ба соли 2024-ум 10 ҳазору 499 нафар зиёд аст.
Дар ин бора директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода иттилоъ додааст.
Имсол 127 муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба қабули донишҷӯён шомиланд, аз ҷумла як муассисаи нав - филиали Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Бохтар бори аввал ба низоми ИМД ҳамроҳ шудааст.