Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 2 маркази фарҳангӣ, аз қабили «Маркази чинӣ» ва «Маркази кореягӣ» бунёд ёфта, ҳамзамон «Маркази русӣ» таъмир шуда, пурра ба талаботи замон ҷавобгӯ ва бо технологияҳои навин муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ин марказҳо бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ дар самти рушд ва инкишофи бисёрзабонӣ таъсис меёбанд.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 шартномаи дутарафаи ҳамкорӣ бо 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат, аз ҷумла бо донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самти барномаи табодули омӯзгорону донишҷӯён ва таҳияи барномаи таълимӣ ба имзо расид.