Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марги як нафар дар пайи раъду барқ хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 2-юми майи соли равон соати 03:00 як сокини 25-солаи деҳаи Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич, ки дар саҳро чорвочаронӣ мекардааст, бар асари ҳавои номусоид ва раъду барқ аз расиши барқ ба ҳалокат расидааст.
- Бо дарёфти хабар афсарони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ҳамроҳ бо сокинони деҳа ҷасади марҳумро пайдо карда, ба хешовандонаш супурданд,- меафзояд манбаъ.