arzon replenishment
Дар деҳаи Дашти Қозии Панҷакент мумфаршкунии роҳҳо оғоз ёфт
14.05.2025
Oila.tj
197

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаи Дашти Қозии ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша мумфаршкунии роҳҳои байни деҳаро оғоз карданд.

Тавре иттилоъ ёфтем, масофаи 1300 метр роҳ бо саҳмгузории сокинон аз ҷониби ширкати сохтмонии “АСЛ” мумфарш карда мешавад. Барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ техникаҳои пуриқтидор ва мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар ҳашари умумии сокинон раиси шаҳри Панҷакент ин иқдомро шоиста арзёбӣ намуда, иброз доштааст, ки «роҳсозӣ яке аз амалҳои хайру савоб ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳар сокин бояд дар ободонии деҳа ва муҳайё намудани шароити мусоид барои фарзандону ояндагон саҳми арзанда гузорад».

Дар маҷмуъ, соли равон дар шаҳри Панҷакент бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ мумфарш кардани 24 километр ва қумпӯш намудани 60 километр роҳҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД